Се ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон рӯзҳои наздик қарзи худро дар назди «Амонатбонк» пурра пардохт хоҳанд кард

Date:



           

Кӯлоб. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба 11 хоҷагии деҳқонии се ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон то пардохти пурраи қарзи «Амонатбонк» ҳамагӣ 568 ҳазору 563 сомонӣ маблағ боқӣ мондааст, ки ин миқдор 7 дарсад аз ҳаҷми умумии қарзҳояшонро ташкил медиҳад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» агроном-коршиноси бонк Раҷабалӣ Кулабеков иттилоъ дод, соли гузашта «Амонатбонк» ба 225 хоҷагии пахтакори 4 ноҳияи минтақа 8 млн. 220 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо кард ва танҳо бар асари коҳиши нархи нахи пахта як қатор хоҷагиҳо аз ӯҳдаи иҷрои пардохти қарз набаромадаанд. «Дар мавсими соли равон бонк ба 185 хоҷагии деҳқонӣ, ки соли гузашта низ мизоҷони бонк буданд, маблағи қарзӣ ҷудо кард», – гуфт ӯ.




           

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мудири шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақа Абдукарим Неъматов, дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ҳамаи муассисаҳои молиявии минтақа ба маблағи умумии 49 млн. 808 ҳазору 521 сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 30 млн. сомонӣ камтар мебошад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...