Оби обанбори Норак бар асари набудани бозори фурӯши нерӯи барқ бидуни истифода партофта мешавад

Date:



           

Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз директори нерӯгоҳи Норак Шарифхон Самиев дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ҳамаи агрегатҳои нерӯгоҳ феълан дар ҳолати хуб қарор доранд.





           

Ш.Самиев мегӯяд, айни замон сатҳи оби обанбор ба


905 метр

баробар буда, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта тақрибан

20 метр

зиёдтар аст, вале чун бозори фурӯши нерӯи барқ мавҷуд нест, аз 20-уми июл оби обанбор бар асари набудани бозори фурӯш бидуни истифода партофта мешавад ва он шояд тамоми муддати моҳи август низ идома ёбад. «Имрӯз мо ҷиҳати истеҳсоли нерӯи барқ дар ҳаҷми зарурӣ тамоми имкониятҳоро доро ҳастем, вале харидор нест», – гуфт ӯ.




           

Ба қавли Ш.Самиев, ҷиҳати роҳандозии содироти нерӯи барқи ҷумҳурӣ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебояд бо Ӯзбакистон тавофуқ ҳосил кард, зеро низоми энергетикии кишвари мо маҳз тавассути низоми энергетикии ин кишвар бо давлатҳои минтақа пайваст аст.




           

Дар навбати худ, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Санъат Раҳимов гуфт, феълан аз Тоҷикистон шабонарӯзӣ ба Ӯзбакистон то 6 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. «Ба ҷуз Ӯзбакистон, нерӯи барқи ҷумҳурӣ дар ҳаҷми на он қадр зиёд ҳамчунин ба Афғонистону Қирғизистон низ интиқол дода мешавад», – афзуд вай.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...