Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи «Беҳбуди вазъи роҳҳои мошингарди Тоҷикистон» ба ҷумҳурӣ 100 номгӯи техникаи нав барои хизматрасонии роҳҳо ворид шудааст.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» корманди маркази амалисозии лоиҳа Бозоралӣ Ҳаётов иттилоъ дод, лоиҳа дар ҳаҷми 6,6 млн. $ аз ҷониби воситаҳои бурсии Бонки таҷдид ва рушди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад. «Техникаи нав дар асоси шартнома миёни вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ ва ширкати «Синохайдро»-и Чин харидорӣ гардида, рӯзҳои наздик баҳри омӯзиши мутахассисони маҳаллӣ бо тарзи кори техника коршиносони чиноӣ ба Тоҷикистон меоянд», – гуфт ӯ.
Номбурда изҳори боварӣ кард, ки рӯзҳои наздик техникаи мазкур дар роҳҳои мошингарди кишвар ба кор шурӯъ хоҳад кард.


