Дафтари САҲА ба марзбонони тоҷик ҳифзи сарҳад дар шароити зимистонро меомӯзонад

Date:



           

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз миёни Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ва Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ оид ба таъмини роҳандозии барномаи омодагии ҳамаҷониба ба таҳкими имконоти идоракунӣ дар назорат ва ҳифзи марзҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни амалисозии барномаи яксола бо ҳайати шахсии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ оид ба барномасозӣ ва идоракунӣ, тарзи роҳбарӣ ба ҳайатҳои назорати марз, расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ва ҳифзи сарҳад дар шароити зимистон машғулиятҳо баргузор мешаванд. «Татбиқи барнома марзбононро тавассути такмили низоми назорат бо маҳорату қобилиятҳои зарурии таҳкими имконоти нерӯҳо баҳри пешгирии убури ғайриқонунии марзи давлатӣ таъмин месозад», – изҳор дошт роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон

 

Владимир Пряхин.




           

Дар анҷоми барнома Дафтари САҲА таҷҳизот ва амволеро, ки зимни татбиқи лоиҳа истифода шудааст, ба марзбонони тоҷик тақдим хоҳад кард.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...