Дар ноҳияи Рашт боз як ҷанговари кирояи хориҷии аз ҷониби Мулло Абдулло ба ҷиҳод раҳсипоршуда дастгир шуд

            Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Рашт боз як ҷанговари кирояи хориҷӣ – Магомед Сатсиюллоеви 25-сола, сокини шаҳри Қизлари Ҷумҳурии Доғистони Русия дастгир карда шуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, ӯ гуфтааст, ҳанӯз оғози сол барои иштирок дар ҷиҳод ба Тоҷикистон даъват шуда будааст. Ба […]



           

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Рашт боз як ҷанговари кирояи хориҷӣ – Магомед Сатсиюллоеви 25-сола, сокини шаҳри Қизлари Ҷумҳурии Доғистони Русия дастгир карда шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, ӯ гуфтааст, ҳанӯз оғози сол барои иштирок дар ҷиҳод ба Тоҷикистон даъват шуда будааст. Ба гуфтаи дастгиршуда, ӯ ва ду нафар ҳамдиёрониаш, ки дар мадрасаи Қизлар таҳсил мекарданд, аввал ба шаҳри Санкт-Петербург ва сипас ба шаҳри Душанбе омада, аз пойтахти Тоҷикистон ба Тавилдара раҳсипор шудаанд ва онҳоро дар маҳаллаи Пастироғ маскун кардаанд. Дар он ҷо бо Мулло Абдулло ҳамсӯҳбат гардида, ӯ онҳоро ба ҷиҳод сафарбар намудааст. Неъмат Азизов онҳоро бо яроқу аслиҳа таъмин сохтааст. Сипас онҳо ба меҳмонӣ назди Мирзо Зиёев ба Чилдара рафта, дар он ҷо гӯё М.Зиёев ба онҳо гуфтааст, ки барои ҳамлаи мусаалаҳона баҳри тасарруфи биноҳои маъмурии ноҳияи Тавилдара омодагӣ гиранд.




           

Бино ба маълумоти манбаъ, дастгиршуда ҳамчунин гуфтааст, пас аз ба муқобилияти шадиди мусаалаҳона рӯбарӯ гардидан дар блокпости ворид шудан ба ноҳияи Тавилдара, онҳо аз ҷойи ҳодиса паноҳ бурдаанд.

 

Баъди чанд рӯзи дигар онҳо ба блокпости Гврадияи миллӣ ҳуҷум мекунанд, вале дар он ҷо ҳам ба муқобилдияти шадид гирифтор шуда, паноҳ мебаранд. Гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон ба муҳосира гирифта шуда, аз ҷониби нерӯҳои ҳукумат ба онҳо пешниҳод мешавад, ки таслим шаванд, вале онҳо ин пешниҳодро рад месозанд. Сипас онҳо мавриди тирпарронии шадид қарор гирифта, М.Сатсиюллоев ҷароҳат мебардорад. Бо пайроҳаҳои кӯҳи ӯ ба водии Рашт расида, ҳангоми наздик шудан ба биноҳои истиқоматӣ аз ҷониби нерӯҳои ҳукумат боздошт мешавад.




           

Мувофиқи маълумоти ВКД ҶТ, ҳангоми боздошти номбурда, аз ӯ автомати Калашников бо 10 тирдони пур аз тир (300 дона тир), 1 адад норинҷаки Ф-1 ва 200 дона тирҳои андозаи гуногун дарёфт ва мусодира карда шуданд.




           

Зикр гардид, ки тайи чанд моҳи ахир дар ноҳияи Тавилдара гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша амал мекард, ки ба ҳайати он ҷанговарони кирояи хориҷӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон низ шомил буданд. Дар задухӯрдҳои мусаллаҳона 9 узви ин гурӯҳ, аз ҷумла 5 шаҳрванди Русия кушта шуданд. Боз 5 шаҳрванди Русия – чеченҳо боздошт гардида, айни замон нишондод медиҳанд. Муайян карда шудааст, ки онҳо барои интиқоли миқдори зиёди маблағи аз фурӯши маводи мухаддир ҷамъшуда ба Тоҷикистон омадаанд, ки он баҳри таъмини созмонҳои террористӣ дар Афғонистон ва Покистон пешбинӣ шуда будааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.