Дафтари САҲА ба марзбонони тоҷик ҳифзи сарҳад дар шароити зимистонро меомӯзонад

            Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз миёни Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ва Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ оид ба таъмини роҳандозии барномаи омодагии ҳамаҷониба ба таҳкими имконоти идоракунӣ дар назорат ва ҳифзи марзҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» […]



           

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз миёни Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ва Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ оид ба таъмини роҳандозии барномаи омодагии ҳамаҷониба ба таҳкими имконоти идоракунӣ дар назорат ва ҳифзи марзҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни амалисозии барномаи яксола бо ҳайати шахсии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ оид ба барномасозӣ ва идоракунӣ, тарзи роҳбарӣ ба ҳайатҳои назорати марз, расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ва ҳифзи сарҳад дар шароити зимистон машғулиятҳо баргузор мешаванд. «Татбиқи барнома марзбононро тавассути такмили низоми назорат бо маҳорату қобилиятҳои зарурии таҳкими имконоти нерӯҳо баҳри пешгирии убури ғайриқонунии марзи давлатӣ таъмин месозад», – изҳор дошт роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон

 

Владимир Пряхин.




           

Дар анҷоми барнома Дафтари САҲА таҷҳизот ва амволеро, ки зимни татбиқи лоиҳа истифода шудааст, ба марзбонони тоҷик тақдим хоҳад кард.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.