Дар нимсолаи аввал сохторҳои зертобеъи ШСХК «Барқи тоҷик» нисбат ба соли гузашта 11,4 дарсад камтар нерӯи барқ истеҳсол карданд

Date:



           

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ сохторҳои зертобеъи ШСХК «Барқи тоҷик» 5,906 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 11,4 дарсад (соли 2008 –

 

6,582 млрд. кВт/соат) камтар аст.





           

Раиси ширкати «Барқи тоҷик» Санъат Раҳимов изҳор дошт, ки яке аз сабабҳои коҳиши ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар фасли зимистон кам кардани ҳаҷми истеҳсоли он ба хотири оқилона сарфа намудани захираҳои обӣ мебошад ва иллати дигар дар он аст, ки таъмини ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ дар ин давра қисман аз ҷониби нерӯи барқи истеҳсолшуда дар нерӯгоҳи Сангтӯда-1 сурат гирифтааст. «Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар нерӯгоҳи Сангтӯда-1 773 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 488 млн. кВт/соат зиёдтар аст», – гуфт ӯ.

 





           

Коҳиши ҳаҷми истеҳсоли барқ дар ин давраро раиси ширкат ҳамчунин ба кам шудани талабот ба истифодаи нерӯи барқ дар бахши саноати ҷумҳурӣ низ марбут медонад. «Талаботи КВД «Талко» ба нерӯи барқ дар ин давра ба миқдори 410 млн. кВт/соат коҳиш ёфта, инчунин бинобар боришоти зиёд баҳори соли равон, пойгоҳҳои обкашӣ низ дертар ба фаъолият шурӯъ карда, 168,5 млн. кВт/соат камтар нерӯи барқ истифода карданд», – афзуд С.Раҳимов.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...