Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Маскав дар синни 52-солагӣ муовини сардори Департаменти сиёсати савдои Котиботи Кумитаи ҳамгиройии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) Сироҷиддин Қаландаров аз олам даргузашт.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, дар тамоми давраи фаъолият С.Қаландаров софдилона вазифаҳои хешро иҷро намуда, дар байни ҳамкорон соҳиби обрӯву эътибор гардида буд.
Бино ба иттилои манбаъ, С.Қаландаров ҳамеша бо фарҳанги волову дақиқкорӣ ва муносибати ғамхорона ба оила намунаи ибрати ҳамкорон буд.
Маълумотнома:
С.Қаландаров 12-уми июли соли 1957 дар Тоҷикистон ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Донишкадаи сиёсиву иҷтимоии Поволжеи Русия аст. Иқтисодчӣ ва сиёсатшинос. Ба ҳайси иқтисодчӣ дар корхонаву муассисаҳои Тоҷикистон ва сипас дар корҳои ҳизбиву комсомолӣ низ фаъолият намуда, солҳои 1991-2004 дар Дастгоҳи президенти ҶТ кор кардааст. Шурӯъ аз соли 2005 дар мансаби квотавӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар Котиботи Кумитаи ҳамгиройии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ифои вазифа менамуд. Бо ифтихорномаи президенти ҶТ сарфароз гардонида шудааст.


