Бонки исломии рушд барои рушди деҳоти Тоҷикистон 20 млн. $ маблағ ҷудо кард

               Душанбе. 29-уми июл – Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (БИР) доир гардид.               Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БИР «Оид ба қарздиҳии хурд барои рушди деҳоти Тоҷикистон» ба маблағи 10 миллион доллари ИМА-ро раиси раёсати ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Наталя […]



              

Душанбе. 29-уми июл – Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (БИР) доир гардид.





             

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БИР «Оид ба қарздиҳии хурд барои рушди деҳоти Тоҷикистон» ба маблағи 10 миллион доллари ИМА-ро раиси раёсати ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Наталя Назаршоева ва ноиби президенти БИР Бирама Баубакар Сидибе имзо карданд.


Инчунин, як созишномаи дигар байни Ҳукумати ҶТ ва БИР «Оид ба қарздиҳии хурд барои рушди соҳибкории деҳоти Тоҷикистон» ба маблағи 10 миллион доллари ИМА аз ҷониби раиси БДА ҶТ «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ва ноиби президенти БИР Бирама Баубакар Сидибе ба имзо расид.




           

Ноиби президенти БИР Бирама Баубакар Сидибе баъди анҷоми маросими ба имзорасии созишномаҳои мазкур тазаккур дод, ки Бонки исломии рушд дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд буда, аз раванди татбиқи лоиҳаҳои ин бонк дар ҶТ қаноатманд аст.

 

Ба имзо расидани ин созишномаҳо ҳамкориҳои Ҳукумати Тоҷикистонро бо БИР вусъат дода, ба рушди минбаъдаи онҳо мусоидат хоҳад кард.


Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.