Ректори ДДТТ сатҳи дониши довталабони квотадорро нокофӣ мешуморад

            Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ барои мувофиқи квотаи президент ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шудан 145 ҷой ҷудо кард.             Ректори донишгоҳи мазкур Убайдулло Қурбонов бар ин назар аст, ки ин миқдор ҷой барои донишгоҳе, ки ҳамасола 1 ҳазору 190 донишҷӯ […]



           

Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ барои мувофиқи квотаи президент ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шудан 145 ҷой ҷудо кард.





           

Ректори донишгоҳи мазкур Убайдулло Қурбонов бар ин назар аст, ки ин миқдор ҷой барои донишгоҳе, ки ҳамасола 1 ҳазору 190 донишҷӯ қабул мекунад, зиёд аст.




           

Дар нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки сатҳи дониши донишҷӯёни тариқи квота дохилшуда ба талабот ҷавобгӯ нест. «Шумори донишҷӯёни квотадоре, ки баҳои ғайриқаноатбахш мегиранд, сол то сол меафзояд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи У.Қурбонов, соли равон озмун барои квотадорон тариқи низоми рейтингӣ сурат гирифта, дар баъзе ноҳияҳо аксари довталабон аз 21 балли ниҳоии пешбинишуда аз 1 то 10 баллро соҳиб шудаанд. «Дар натиҷа аз 145 нафар танҳо 101 нафар аз озмун гузаштанд», – гуфт ӯ.




           

Номбурда афзуд, бо супориши муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова озмуни такрорӣ баргузор шуда, рӯзи 30-юми июл барои доваталабони квотадор давраи ниҳоии интихобӣ доир мегардад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.