Соҳибони ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарини Тоҷикистон» муайян карда шуданд

            Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта дар толори театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ натиҷаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарини Тоҷикистон», ки 1-уми апрели соли ҷорӣ шурӯъ шуда буд, ҷамъбаст гардиданд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, чорабинии маросими ҷамъбасти озмун […]



           

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта дар толори театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ натиҷаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарини Тоҷикистон», ки 1-уми апрели соли ҷорӣ шурӯъ шуда буд, ҷамъбаст гардиданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, чорабинии маросими ҷамъбасти озмун аз ҷониби Агентии стандартизатсия, сертификатсия ва метрологияи назди ҳукумати ҶТ дар ҳамдастӣ бо ПСС, Вазорати кишоварзӣ, мақомоти шаҳрдории пойтахт ва КВД «Хӯрокворӣ» созмон дода шуд.




           

Ба иттилои манбаъ, дар озмун 93 корхонаҳои шакли хоҷагидории гуногун иштирок карда, 118 навъи маҳсулотро пешниҳод намуданд, вале то давраи ниҳоӣ 52 корхона роҳ ёфта, 66 навъи маҳсулот пешкаш гардид. «Маҳсулот ба чор гурӯҳ – маҳсулоти ғизоӣ, маҳсулоти таъиноти истеҳсоливу техникӣ, маҳсулоти истеъмоли мардум ва маснӯъоти ҳунармандии мардумӣ ҷудо карда шуда, ғолибон ва ҷоизадорон тавассути овоздиҳии пинҳонӣ муайян карда шуданд», – гуфт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки ҶСК «Комбинати шири Душанбе» (маҳсулот – биокефир), ҶДММ «Ангара» (истеҳсоли алебастр), ҶСК «Қолинҳои Суғд» (истеҳсоли қолинҳо) ва сокини Душанбе С.Шарипова (дӯхтани сӯзана) соҳиби ҷоизаҳои озмун дониста шуда, ҳамчунин аз рӯи 15 шарт дипломантҳои озмун номбар карда шуданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.