Дар вилояти Ставрополи Русия таҳти унвони «Согдиана» созмони ҷамъиятии тоҷикистониён таъсис дода шуд

            Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Ставрополи Русия таҳти унвони «Согдиана» созмони ҷамъиятии тоҷикистониён таъсис дода шуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, айни замон дар қаламрави ин вилояти Русия беш аз 12 ҳазор шаҳрвандони тоҷик маскун буда, аксари онҳо дар бахшҳои сохтмон, кишоварзӣ, […]



           

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Ставрополи Русия таҳти унвони «Согдиана» созмони ҷамъиятии тоҷикистониён таъсис дода шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, айни замон дар қаламрави ин вилояти Русия беш аз 12 ҳазор шаҳрвандони тоҷик маскун буда, аксари онҳо дар бахшҳои сохтмон, кишоварзӣ, савдо, корхонаҳои хӯроки умумӣ ва хизматгузории маишӣ машғули коранд. «Бахусус фаъолияти тоҷикистониён дар бахши кишоварзӣ назаррас буда, сол то сол шумори фермерони тоҷик дар ин минтақа меафзояд», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, майдони замини хоҷагии фермерии чанде аз ҳамдиёрони мо ба садҳо гектар баробар буда, саршумори чорвои гӯсфанди ҳисории онҳо аз 40 то 60 ҳазор сарро ташкил медиҳад.




           

Далелҳои мазкур гувоҳи онанд, ки ҳамдиёрони мо бо меҳнатдӯстиву эҳтиром гузоштан ба расму оинҳои мардуми маҳаллӣ миёни аҳолии таҳҷоӣ обрӯву эътибор пайдо кардаанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.