IFC ба баробарҳуқуқии гендерӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон мусоидат мекунад

            Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маҳбуба» дар доираи лоиҳаи Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ( IFC ) оид ба беҳбуди сатҳи дастрасӣ ба маблағгузории фермерони пахтакор   дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ( STCLP ) барои 39 нафар занони минтақаи ҷануби Тоҷикистон (ноҳияҳои Кӯлоб, Вахш, Ёвон, Бохтар, Восеъ, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Румӣ), […]



           

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маҳбуба» дар доираи лоиҳаи Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) оид ба беҳбуди сатҳи дастрасӣ ба маблағгузории фермерони пахтакор

 

дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон (


STCLP


) барои 39 нафар занони минтақаи ҷануби Тоҷикистон (ноҳияҳои Кӯлоб, Вахш, Ёвон, Бохтар, Восеъ, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Румӣ), ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ машғули коранд, тренинги якрӯза доир сохт.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари кории дар Душанбе воқеъбудаи


IFC


иттилоъ доданд, дар ҷараёни тренинг коршиносони корпоратсия ба занон оид ба масоили фароҳам сохтани шароити нигоҳубини кӯдакон дар саҳро, қобилияти расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, тарзҳои риояи талаботи санитариву гигиенӣ ва барои саломатӣ бехатар нигоҳ доштани маводи ғизоӣ бо хароҷоти ночиз машғулиятҳо гузарониданд. «Тарзу усулҳое, ки мо пешниҳод мекунем, хароҷоти зиёд талаб намекунанд ва истифодаи онҳо ба сатҳи зиндагии ҳазорон оила беҳбудӣ хоҳад бахшид», – изҳор дошт коршинос оид ба масоили гендерии лоиҳа Муҳайё Носирова.




           

Тренери иттиҳодияи ҷамъиятии «Маҳбуба» Қурбонгул Зубайдова, ба занон тарзҳои дифоъ аз ҳуқуқи худ натанҳо нисбат ба зӯроварӣ дар оила, балки дар ҷойи корро низ муфассал шарҳ дод.




           

Тибқи маълумоти


IFC


, бинобар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ овардани аксари мардон, айни замон аз 70 то 90дарсади қувваи кории боқимонда дар Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва аксари занон аз дониши кофӣ дар масъалаи риояи талаботи гигиенаву санитария ва баробарҳуқуқии гендерӣ бархӯрдор нестанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.