Қабули довталабон ба Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсияи Тоҷикистон муваққатан қатъ карда шуд

            Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати маорифи ҶТ эълом дошт, ки қабули довталабон ба Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсиияи Тоҷикистон муваққатан қатъ карда мешавад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати маорифи ҶТ Ноилшо Нуралиев иттилоъ дод, дар робита ба ин масъала вазорат аз ҳамаи довталабоне, ки ҳуҷҷатҳои худро ба ин донишкада […]



           

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати маорифи ҶТ эълом дошт, ки қабули довталабон ба Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсиияи Тоҷикистон муваққатан қатъ карда мешавад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати маорифи ҶТ Ноилшо Нуралиев иттилоъ дод, дар робита ба ин масъала вазорат аз ҳамаи довталабоне, ки ҳуҷҷатҳои худро ба ин донишкада супорида буданд, хоҳиш мекунад, ки ҳуҷҷатҳои худро бозпас гирифта, то 31-уми июл ба дигар муассисаи таълимӣ супоранд.



Дар Вазорати маорифи ҶТ мегӯянд, фаъолияти донишкадаи мазкур ба



муқаррароти асноди меъёриву ҳуқуқии амалкунанда дар ҷумҳурӣ мутобиқ нест. «Худи донишкада фаъолияташро қатъ намсеозад ва донишҷӯёне, ки дар он таҳсил мекарданд, ба таҳсили худ идома хоҳанд дод», – афзуд Н.Нуралиев.




           

Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсияи Тоҷикистон соли 2003 ҳамчун Донишгоҳи байнулмилалии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Баъдтар, соли 2006 он ба Донишгоҳи гуманитарӣ табдили ном кард. Моҳи апрели соли 2007 он Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсияи Тоҷикистон номгузорӣ шуд. Айни замон дар ин муассисаи таълимӣ зиёда аз 1 ҳазору 700 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Соли гузашта ба донишкада 543 нафар донишҷӯ қабул карда шуд. Арзиши солонаи шартномаи таҳсил дар донишкада ба 500 доллари ИМА баробар аст. Айни замон дар донишкада 7 факулта – информатика, иқтисоди ҷаҳонӣ, менеҷмент, низомҳои иттилоотӣ ва технология, муносиботи байнулмилалӣ, таъмини лингвистии коммуникатсияҳои байнифарҳангӣ ва ҳуқуқи байнулмилалӣ амал мекунанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.