Ҳам барои дастаи «Регар-ТадАЗ» ва ҳам «Локомотив» бозии имрӯза як машқи махсус аст

            Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ роҳбари бахши варзиши дастаи футболи «Локомотив» (Маскав) Ринат Билялетдинов изҳор дошт, ки имрӯз бо дастаи «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ҳайати пурқуввати иборат аз ҷавонони болаёқат қувваозмоӣ хоҳад кард. Таври маълум, шоми имрӯз, соати 17.00 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрии рафиқонаи дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ» ва «Локомотив» […]



           

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ роҳбари бахши варзиши дастаи футболи «Локомотив» (Маскав) Ринат Билялетдинов изҳор дошт, ки имрӯз бо дастаи «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ҳайати пурқуввати иборат аз ҷавонони болаёқат қувваозмоӣ хоҳад кард. Таври маълум, шоми имрӯз, соати 17.00 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрии рафиқонаи дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ» ва «Локомотив» (Маскав) доир мегардад.





           

Ба гуфтаи ӯ, феълан дар дастаи «Локомотив» зодагони Тоҷикистон – Муҳаммаднаим Шарифӣ ва Манучеҳр Ҷалилов низ ҳунарнамоӣ мекунанд. «Ин вохӯрии рафиқона барои дастаи мо пеш аз қувваозмоӣ бо дастаи «Ростов» дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия оид ба футбол як тамрин маҳсуб мегардад», – гуфт ӯ.




           

Дар навбати худ, президенти дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» Шариф Назаров таъкид сохт, ки бозии имрӯза барои даста аз он ҷиҳат муҳим аст, ки он амалан як вохӯрии санҷишӣ пеш аз оғози бозиҳо дар давраи ниҳоии дарёфти Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.