Бонки исломии рушд барои рушди деҳоти Тоҷикистон 20 млн. $ маблағ ҷудо кард

Date:



              

Душанбе. 29-уми июл – Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (БИР) доир гардид.





             

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БИР «Оид ба қарздиҳии хурд барои рушди деҳоти Тоҷикистон» ба маблағи 10 миллион доллари ИМА-ро раиси раёсати ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Наталя Назаршоева ва ноиби президенти БИР Бирама Баубакар Сидибе имзо карданд.


Инчунин, як созишномаи дигар байни Ҳукумати ҶТ ва БИР «Оид ба қарздиҳии хурд барои рушди соҳибкории деҳоти Тоҷикистон» ба маблағи 10 миллион доллари ИМА аз ҷониби раиси БДА ҶТ «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ва ноиби президенти БИР Бирама Баубакар Сидибе ба имзо расид.




           

Ноиби президенти БИР Бирама Баубакар Сидибе баъди анҷоми маросими ба имзорасии созишномаҳои мазкур тазаккур дод, ки Бонки исломии рушд дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд буда, аз раванди татбиқи лоиҳаҳои ин бонк дар ҶТ қаноатманд аст.

 

Ба имзо расидани ин созишномаҳо ҳамкориҳои Ҳукумати Тоҷикистонро бо БИР вусъат дода, ба рушди минбаъдаи онҳо мусоидат хоҳад кард.


Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...