Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 30-31-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав ҷаласаи
XIII
-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта доир мегардад.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, иштирокдорони ҷаласа масоили роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила миёни кишварҳо дар бахши пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ доштаро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин атрофи масоили лоиҳаи Дастур дар бораи табодули иттилоот миёни ниҳоду вазоратҳои дахлдор дар бораи чунин ҳолатҳо, Нақшаи санҷиши огаҳсозии кишварҳои иттиҳод оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта ва муайян сохтани мавқеъи давлатҳо бобати таъсиси Фонди захиравии расонидани кӯмак ба кишварҳои аз ин офатҳо осебдида табодули афкор сурат хоҳад гирифт.


