Дар Маскав ҷаласаи XIII-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта доир мегардад

Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 30-31-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав ҷаласаи XIII -уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта доир мегардад. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, иштирокдорони ҷаласа масоили роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила миёни кишварҳо дар бахши пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти […]


Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 30-31-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав ҷаласаи


XIII


-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта доир мегардад.




Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, иштирокдорони ҷаласа масоили роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила миёни кишварҳо дар бахши пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ доштаро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин атрофи масоили лоиҳаи Дастур дар бораи табодули иттилоот миёни ниҳоду вазоратҳои дахлдор дар бораи чунин ҳолатҳо, Нақшаи санҷиши огаҳсозии кишварҳои иттиҳод оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта ва муайян сохтани мавқеъи давлатҳо бобати таъсиси Фонди захиравии расонидани кӯмак ба кишварҳои аз ин офатҳо осебдида табодули афкор сурат хоҳад гирифт.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.