Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ вориди Душанбе шуд

Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо сафари расмии серӯза вориди Тоҷикистон шуд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, маросими қабули расмии меҳмони олиқадр субҳи имрӯз баргузор мешавад. «Дар нимаи аввали рӯз нахуст мулоқоти як ба яки сарони кишварҳои […]


Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо сафари расмии серӯза вориди Тоҷикистон шуд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, маросими қабули расмии меҳмони олиқадр субҳи имрӯз баргузор мешавад. «Дар нимаи аввали рӯз нахуст мулоқоти як ба яки сарони кишварҳои Тоҷикистону Покистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ ва сипас ҳайатҳои васеъи ҷонибҳо доир мегардад», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Д.Назриев, дар давоми рӯз Осиф Алӣ Зардорӣ бо раиси палатаи болоии паруломони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов дидору гуфтушунид хоҳад кард.



Д.Назриев афзуд, нимаи аввали рӯзи 30-юми июл вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон доир гардида, дар нимаи дуввуми рӯз ба мулоқот президенти Русия низ ҳамроҳ хоҳад шуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.