Ректори ДДТТ сатҳи дониши довталабони квотадорро нокофӣ мешуморад

Date:



           

Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ барои мувофиқи квотаи президент ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шудан 145 ҷой ҷудо кард.





           

Ректори донишгоҳи мазкур Убайдулло Қурбонов бар ин назар аст, ки ин миқдор ҷой барои донишгоҳе, ки ҳамасола 1 ҳазору 190 донишҷӯ қабул мекунад, зиёд аст.




           

Дар нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки сатҳи дониши донишҷӯёни тариқи квота дохилшуда ба талабот ҷавобгӯ нест. «Шумори донишҷӯёни квотадоре, ки баҳои ғайриқаноатбахш мегиранд, сол то сол меафзояд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи У.Қурбонов, соли равон озмун барои квотадорон тариқи низоми рейтингӣ сурат гирифта, дар баъзе ноҳияҳо аксари довталабон аз 21 балли ниҳоии пешбинишуда аз 1 то 10 баллро соҳиб шудаанд. «Дар натиҷа аз 145 нафар танҳо 101 нафар аз озмун гузаштанд», – гуфт ӯ.




           

Номбурда афзуд, бо супориши муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова озмуни такрорӣ баргузор шуда, рӯзи 30-юми июл барои доваталабони квотадор давраи ниҳоии интихобӣ доир мегардад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...