Э.Раҳмон ва Д.Медеведев ба фаъолияти пурраи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳусни оғоз бахшиданд

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия – Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медеведев маросими расмии мавриди истифодаи пурра қарор гирифтани некӯгоҳи «Сангтӯда-1» баргузор шуд.





           

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳро рамзи дӯстии Тоҷикистону Русия арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки анҷоми сохтмони иншооти мазкур бори дигар ҳамкории дуҷонибаи пурсамар миёни кишварҳоро собит месозад. «Иншооти мазкур барои мардуми тоҷик аҳамияти бузургеро доро буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он истеҳсоли шабонарӯзии барқ дар ҷумҳурӣ ба миқдори 8 млн. кВт/соат афзоиш меёбад, ки он дар навбати худ, ба қисман ҳал гардидани мушкилоти норасоии барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон мусоидат хоҳад кард», – гуфт ӯ.




           

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин зикр кард, ки ин рӯйдод натанҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои мардуми тамоми минтақа воқеаи фараҳбахш аст, зеро он ҳамзамон ба танзими захоири обии минтақа низ мусоидат мекунад. «Мо ҳеҷ гоҳ бар зарари ҳамсоягон кор накардаем ва минбаъд низ нахоҳем кард», – изҳор дошт Э.Раҳмон.




           

Дар навбати худ, президени Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба рушди муносибатҳои ҳамкории дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, феълан ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд миёни кишварҳо ҳамеша дар ҳоли рушду густариш қарор доранд. «Ба ҷуз лоиҳаҳои зиёди амалишаванда, айни замон ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои гидроэнергетика ва гузаронидани корҳои иктишофии геологӣ тадбирҳои зарарӣ андешида мешаванд», – гуфт ӯ.




           

Сарони кишварҳо бо тарзи кори бахши мошинии нерӯгоҳ аз наздик ошно гардида, аз намоишгоҳи сохтмони нерӯгоҳ боздид карданд ва ҳамчунин бо бинокорони иншоот мулоқот оростанд. Аз номи президенти Русия «ниҳоли дӯстӣ» шинонида шуд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...