Э.Раҳмон ва Д.Медеведев ба фаъолияти пурраи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳусни оғоз бахшиданд

            Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия – Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медеведев маросими расмии мавриди истифодаи пурра қарор гирифтани некӯгоҳи «Сангтӯда-1» баргузор шуд.             Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳро рамзи дӯстии Тоҷикистону Русия арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки анҷоми сохтмони иншооти мазкур бори дигар […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия – Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медеведев маросими расмии мавриди истифодаи пурра қарор гирифтани некӯгоҳи «Сангтӯда-1» баргузор шуд.





           

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳро рамзи дӯстии Тоҷикистону Русия арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки анҷоми сохтмони иншооти мазкур бори дигар ҳамкории дуҷонибаи пурсамар миёни кишварҳоро собит месозад. «Иншооти мазкур барои мардуми тоҷик аҳамияти бузургеро доро буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он истеҳсоли шабонарӯзии барқ дар ҷумҳурӣ ба миқдори 8 млн. кВт/соат афзоиш меёбад, ки он дар навбати худ, ба қисман ҳал гардидани мушкилоти норасоии барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон мусоидат хоҳад кард», – гуфт ӯ.




           

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин зикр кард, ки ин рӯйдод натанҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои мардуми тамоми минтақа воқеаи фараҳбахш аст, зеро он ҳамзамон ба танзими захоири обии минтақа низ мусоидат мекунад. «Мо ҳеҷ гоҳ бар зарари ҳамсоягон кор накардаем ва минбаъд низ нахоҳем кард», – изҳор дошт Э.Раҳмон.




           

Дар навбати худ, президени Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба рушди муносибатҳои ҳамкории дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, феълан ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд миёни кишварҳо ҳамеша дар ҳоли рушду густариш қарор доранд. «Ба ҷуз лоиҳаҳои зиёди амалишаванда, айни замон ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои гидроэнергетика ва гузаронидани корҳои иктишофии геологӣ тадбирҳои зарарӣ андешида мешаванд», – гуфт ӯ.




           

Сарони кишварҳо бо тарзи кори бахши мошинии нерӯгоҳ аз наздик ошно гардида, аз намоишгоҳи сохтмони нерӯгоҳ боздид карданд ва ҳамчунин бо бинокорони иншоот мулоқот оростанд. Аз номи президенти Русия «ниҳоли дӯстӣ» шинонида шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.