Таркиши мошини корманди милиса дар Душанбе

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар қаламрави яке аз бозорҳои бузургтарини пойтахт – «Корвон» дар мошини муовини сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе инфиҷор рух дод.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, таркиш тахминан соатҳои 18.30 дақиқаи шом, ҳангоме ки подполковник Довудов аз бозор баромада, ба назди мошини худ меояд ва дарро кушоданӣ мешавад, ба амал омадааст. «Дар натиҷа Довудов ҷароҳатҳои ҷисмонии гуногун бардошта, ба Маркази миллии тиббии ҷумҳурӣ (Қаряи Боло) мунтақил гардид», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, бар асари инфиҷор оинаҳои мошини «ВАЗ-2106 шикаста, курсиҳо аз ҷояшон канда шудаанд. Айни замон барои муайян кардани сабабҳои инфиҷор дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи фавриву тафтишотии ВКД ва РКД-и шаҳри Душанбе машғули коранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...