Таркиши мошини корманди милиса дар Душанбе

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар қаламрави яке аз бозорҳои бузургтарини пойтахт – «Корвон» дар мошини муовини сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе инфиҷор рух дод. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, таркиш тахминан соатҳои 18.30 дақиқаи шом, ҳангоме ки подполковник Довудов […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар қаламрави яке аз бозорҳои бузургтарини пойтахт – «Корвон» дар мошини муовини сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе инфиҷор рух дод.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, таркиш тахминан соатҳои 18.30 дақиқаи шом, ҳангоме ки подполковник Довудов аз бозор баромада, ба назди мошини худ меояд ва дарро кушоданӣ мешавад, ба амал омадааст. «Дар натиҷа Довудов ҷароҳатҳои ҷисмонии гуногун бардошта, ба Маркази миллии тиббии ҷумҳурӣ (Қаряи Боло) мунтақил гардид», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, бар асари инфиҷор оинаҳои мошини «ВАЗ-2106 шикаста, курсиҳо аз ҷояшон канда шудаанд. Айни замон барои муайян кардани сабабҳои инфиҷор дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи фавриву тафтишотии ВКД ва РКД-и шаҳри Душанбе машғули коранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.