Се тан марзбони тоҷик дар қочоқи маводи мухаддар гумонбар шуданд

Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» – | Чанд тан марзбони тоҷик дар қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддар гумонбар шуданд. Тавре ба «АП» дар ВКД хабар доданд, ҳар се дар қочоқи маводи мухаддар, ки охири моҳи март ошкор гардид гумонбар шуданд. Ёдрас мекунем, ки 28 март дар анбори мағозаи хӯроквории «Сабина», воқеъ дар наздикии тарабхонаи «Арбат»-и пойтахт, маводи […]

Наргис Ҳамрабаева

Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» – | Чанд тан марзбони тоҷик дар қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддар гумонбар шуданд.

Тавре ба «АП» дар ВКД хабар доданд, ҳар се дар қочоқи маводи мухаддар, ки охири моҳи март ошкор гардид гумонбар шуданд.

Ёдрас мекунем, ки 28 март дар анбори мағозаи хӯроквории «Сабина», воқеъ дар наздикии тарабхонаи «Арбат»-и пойтахт, маводи мухаддари сахттаъсири афғонӣ дар ҳаҷми 83 кг, ки аз он 80 кг ҳашиш ва 3 кг-ро ҳероин ташкил медод, ошкор ва мусодира гардид.

«Миқдори мазкури маводи нашъадор ба Душанбе аз яке аз ноҳияҳои сарҳадии вилояти Хатлон оварда шуд. Худи ҳамон рӯзсоҳиби мағозаи «Сабина», бародари ӯ ва мудири анбор ба ҳайси гумонбари ҷиноят дастгир карда шуданд», – хабар медиҳад манбаъ. Дар ВКД-и кишвар иттилоъ доданд, ки кормандони мақомоти қудратӣ дар пайи як амалиёт макони будубоши се хидматчии яке аз қисмҳои сарҳадиро, ки дар ҳудуди ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон мустақар аст, пайдо карданд.

«Муайян шудааст, ки хизматчиёни ҳарбӣ И.С., М. Ҷ. ва У.Р. ба соҳибмулки мағоза ба маблағи $300 маводи мухаддари дар боло зикршуда фурӯхтанд», – қайд кард манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишон идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.