Деҳқонони тоҷик наздик ба 70% кишти пумбадонаро ба анҷом расонданд

Date:

Душанбе. 19 апрел. «Азия-Плюс» – | Деҳқонони кишвар то ба имрӯз дар 144 ҳазор гектар замин пумбадона кишт карданд, ки 68,6%- ро аз 210 ҳазор ҳектари барои соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда, ташкил медиҳад.

Тарве ба «АП» аз вазорати кишоварзӣ хабар доданд, имрӯз дар майдонҳои пахта 1 ҳазору 23 трактор ба кор дароварда шудаанд.

Деҳқонони вилояти Хатлон дар кишти пумбадона, то ба имрӯз , пешсаф баромаданд. Дар вилоят 102,3 ҳаз. ҳектар замин ( 78,4% аз 130,5 ҳаз. ҳектари барои имсол ба нақша гирифта шуда) пумбадона кишт карда шуд. Вилояти Суғд 34,5 ҳаз. ҳектар ё худ 55,2% аз 62,5 ҳаз. ҳектари нақша ва навоҳеи тобеъи ҷумҳурӣ дар беш аз 7 ҳаз. ҳектар замин (42% аз 17 ҳаз. ҳектари ба нақша гирифта шуда) пумбадона кишт карданд.

Мавсими кишти пахта соли ҷорӣ дар Тоҷикистон расман авохири моҳи март шурӯъ шуд. Ба хотири баланд шудани арзиши пахта дар бозори ҷаҳонӣ, нақша аст имсол дар майдони 210 ҳаз. ҳектар замин пахта кишт карда шавад, ки эҳтимол аст аз он 400 ҳазор тонн ҳосил ҷамъоварӣ карда мешавад

Соли газашта аз 160,4 ҳаз. ҳектар замин кишти пахта 310 ҳазор тонн пахта ҷамъоварӣ карда шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...