Шахсияти чанд тан аз террористони гурӯҳи Мулло Абдулло таъин шуд

Душанбе. 19 апреля. «Азия-Плюс» – | Мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон шахсияти чанд тан аз террористони узви гурӯҳи Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло), ки рӯзи 15 апрел дар натиҷаи гузарондани амалиёти махсус дар водии Рашт кушта шудаанд, маълум кард. Тавре ба «АП»  сардори Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Нозирҷон Бӯриев хабар дод, то […]

Аваз Юлдашев

Душанбе. 19 апреля. «Азия-Плюс» – | Мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон шахсияти чанд тан аз террористони узви гурӯҳи Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло), ки рӯзи 15 апрел дар натиҷаи гузарондани амалиёти махсус дар водии Рашт кушта шудаанд, маълум кард.

Тавре ба «АП»  сардори Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Нозирҷон Бӯриев хабар дод, то ба имрӯз шахсияти нафарони зайл маълум карда шуд:

Сулаймоншо Маҳмадшоев, соли таввалудаш1975, сокини қишлоқи Шули ноҳияи Рашт, Аёмиддин Маннонов, мулаққаб ба Умар, соли таввалудаш 1981, сокини қишлоқи Шербегиёни нохияи Нуробод, Манучеҳр Маннонов, соли таввалудаш 1988, сокини қишлоқи Шербегиёни ноҳияи Нуробод, Давлат Нуриддинов, соли таввалудаш 1969, сокини қишлоқи Шербегиёни ноҳияи Нуробод, Муҳаммади Давлатҷон,муллақаб ба Холид,соли таввалудаш 1994, сокини қишлоқи Шербегиёни ноҳияи Нуробод, Шарипов Маҳдӣ, соли таввалудаш 1988, сокини қишлоқи Шербегиёни ноҳияи Нуробод, Лутфулло Муродов, соли таввалудаш 1992, сокини қишлоқи Шербегиёни ноҳияи Нқробод, Меъроҷиддин Муродова, мулаққаб ба  Абдулвосит ва Мирзоаҳмад Маҳмадов, мулаққаб ба Хушвақт,сокинони ноҳияи Нуробод.

Чанде пеш шахсияти Абдулло Раҳимови 61 сола, мулаққаб ба Мулло Абдулло низ таъин карда шуд.

Таъини шахсияти дигар террористони кушташуда аз ҷониби мақомоти қудратӣ дар ҷои ҳодиса идома дорад.

Ба иттилои Бӯриев дар ҷои будубоши муввақатии террористони кушташуда миқдори зиёди силоҳи оташфишон ва таҷҳизоти тарканда, китоб ва варақаҳои таблиғотӣ, нақшаи омодагӣ ба амалиёти терористӣ, маълумотномаҳо дар барои омода кардани маводи тарканда, истифодаи аслиҳаи оташфишон ва маводи тарканда, инчунин маводи озуқа, генератор барои таъмини қувваи барқ,  15 балони газӣ, ҳезум ва дигар маводи рӯзгузаронӣ кашф  карда шуданд. Намояндаи Кумитаи амнияти милли кишвар овозаи ширкат доштани зан миёни террористонро беасос унвон кард.

Дар натиҷаи амалиёти вижаи нерӯҳои қудратӣ, ки давоми чор рӯз дар ноҳияи Рашт гузаронда шуд, террористи байналмиллалӣ – Мулло Абдуллои 61 сола ва 16 ҷонибдори ӯ кушта шуданд.

Ҷангҷӯён дар минтақаи баландкӯҳӣ, тақрибан дар 50 километрӣ аз маркази ноҳияи Рашт кушта шуданд.

Дар доираи гузарондани амалиёт ду тан аз аҳолии осоишта, ки довталабона ба нерӯҳои қудратии кишвар кӯмак мерасонданд кушта шуда ду корманди милиса захм бардоштанд. Дар амалиёти махсус чархболҳои низомӣ ва дигар лавозимоти харбӣ истифода бурда шуд.

Бар тибки иттилои ВКД, Мулло Абдулло давоми 10 сол дар пайгарди байналхалқӣ қарор дошт.  Ӯ дар ҳамлаи чандкарата ба шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Рашт (солҳои 1992 то 1997) ва содир намудани дигар ҷиноятҳо муттаҳам дониста мешавад.

Дар қатори ҷинояти ахир  ҳамла  ба корвони Вазорати дифои Тоҷикистон дар дараи Камароби ноҳияи Рашт, таърихи 19 сентябри соли 2010, ки дар натиҷа 28 афсар ва аскари артиши миллӣ ба ҳалокат расиданд, маҳсуб мегардад.

Тибқи иттилои расмӣ дар ин ҳамла инчунин  Аловуддин Давлатов, мулақаб ба Али Бедакӣ  ширкат дошт, ки таърихи 4 январи соли 2011 бо ҳамроҳонаш  дар Рашт кушта шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.