Дар Тоҷикистон иншооти нав ба маблағи 4 млрд сомонӣ сохта мешаванд

Душанбе. 18 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар пойтахти Тоҷикистон маркази олимпии варзишӣ сохта мешавад, дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон, Абдувалӣ Комилов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ лоиҳаи сохтмони маркази варзишӣ дар шаҳри Душанбе, ки нақша аст дар надикии Амфитеатр сохта шавад, алакай омода аст. Сохтмони маркази […]

Расул Шодон

Душанбе. 18 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар пойтахти Тоҷикистон маркази олимпии варзишӣ сохта мешавад, дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон, Абдувалӣ Комилов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ лоиҳаи сохтмони маркази варзишӣ дар шаҳри Душанбе, ки нақша аст дар надикии Амфитеатр сохта шавад, алакай омода аст.

Сохтмони маркази миллии варзишӣ, воқеъ дар хиёбони Карамов,ба суръати лозима пеш рафта он аз се толори варзишӣ – умумӣ, корти тенис ва ҳавзи шиноварӣ иборат аст, афзуд раҳбари Агентӣ.

Толори варзиши умумии марказ дар майдони 5,7 ҳектар замин ҷойгир шуда дар он 4 ҳазор ҷойи шишт пешбинӣ шудааст.

Ба ин минвол бо мақсали рушди варзиш дар Тоҷикистон имсол дар ҳудуди ҷумҳурӣ даҳҳо маркази варзишӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Абдувалӣ Комилов инчунин хабар дод, ки бахшида ба 20- умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон, нақша аст дар соли 2011,сартосари ҷумҳурӣ, 1347 иншооти нав сохта ба истифода дода шавад, аз ҷумлаи он 166 бино дар пойтихти кишвар.

«Чойхонаи миллӣ, китобхонаи миллӣ, театри миллӣ, осорхонаи миллӣ, маркази фароғатии «Сомониён», меҳмонхонаи «Серена», марказҳои тиҷорат ва савдо, биноҳои зисти баландошёна ва дигар иншоот шаҳри Душанберо зеб хоҳанд дод», – иброз дошт ӯ.

Беш аз ин дар рӯзҳои таҷлили ҷашни истиқлолият дар пойтахт Парчами Тоҷикистон дар баландии 165 метр қомат афрохта нишони давлат ба андозаи 5 метр омода хоҳад шуд.

Маблағи умумӣ барои сохтмони иншоот ҷудо шуда 4 млрд сомони ( беш аз 900 млн доллар)- ро ташкил медиҳад.

Ба иттилои директори Агентии сохтмон ва меъморӣ, сохтмони тамоми иншоот ба суръати лозима пеш рафта дар вақти муққараршуда ба истифода дода мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.