Маъракаи даъват ба сафи артиш дар Тоҷикистон 53% иҷро шудааст

Date:

Душанбе. 22 апрел. «Азия-Плюс» – | Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сартосари кишвар,  53 % иҷро шудааст. Тавре котиби маркази матбуотии Вазорати дифои ҷумҳурӣ Фариддун Маҳмадалиев ба «АП» хабар дод, нақшаи даъват ба хизмат дар сафи артиш дар вилояти Бадахшон 82,8%, вилояти Суғд 40 % , дар Хатлон 59,7% ва дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳур 51,7% , дар шаҳри Душанбе 43% иҷро шудааст.

«Нақшаи даъват дар ноҳияи Мурғоб, Ванҷ, Темурмалик, Носири Хусрав ва шаҳрҳои Нораку Сарбанд ба пуррагӣ иҷро шудаанд», изҳор дошт Маҳмадалиев.

Мувофиқи фармони президенти ҶТ аз 16 марти соли 2011, маъракаи даъвати баҳорӣ дар кишвар аз  таърихи 1 апрел шурӯъ шуда то 31 март идома хоҳад ёфт.

Тибқи маълумоти вазорати дифо, сафи қувваҳои мусаллаҳ ҳамасола дар Тоҷикистон наздик ба 15-16 ҳазор нафар зиёд мешавад.

Дар умум дар кишвар беш аз 600 ҳазор ҷавонмарди сини даъватӣ, ки мувофиқи қонунгузории кишвар аз 18 то 27 сола мақаррар шудааст, ба қайд гирифтаанд.  Аммо наздики 150 ҳазор ҷавон  ҳуқуқ ба таъхири мӯҳлати даъват ва ё аз хизмат озод шуданро дошта,  100 ҳазори дигар дар муҳоҷирати корӣ  берун аз кишвар қарор доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...