Ибодатгоҳи православиро дар Тоҷикистон касе набастааст

Душанбе. 22 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар ҷануби Тоҷикистон фаъолияти ибодатгоҳи маҳалии масеҳиён аз сабаби расман сабти ном нашудани он манъ карда шуд. Дар ин бора оҷонсии ИТАР ТАСС бо такя ба изҳороти муовини раиси ноҳияи Ҷалолоддин Румӣ Дилбар Норматова, хабар медиҳад. Дилбар Норматова иброз дошт, ки  «қарори маъмурият ягон заминаи мазҳабӣ надорад. Сухан дар […]

Asia-Plus

Душанбе. 22 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар ҷануби Тоҷикистон фаъолияти ибодатгоҳи маҳалии масеҳиён аз сабаби расман сабти ном нашудани он манъ карда шуд.

Дар ин бора оҷонсии ИТАР ТАСС бо такя ба изҳороти муовини раиси ноҳияи Ҷалолоддин Румӣ Дилбар Норматова, хабар медиҳад. Дилбар Норматова иброз дошт, ки  «қарори маъмурият ягон заминаи мазҳабӣ надорад.

Сухан дар мавриди нақзи қонунгузории ҷории кишвар меравад,ки фаъолияти созмонҳои динӣ ва иҷтимоиро бидуни қайд манъ мекунад».

Ба ин минвол муовини раиси ноҳия хабари дар баъзе ВАО нашр шуда, дар хусус баста шудани ибодатгоҳи православӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон дар арафаи  иди Пок (Пасха), рад кард.

Бар тибқи маълумоти Дилбар Норматова ибодатгоҳи баптистӣ ба таври пинҳонӣ аз соли 2006 фаъолият дорад.

Ба иттилои Кумитаи кор бо дини ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон фаъоляти ғайриқонунии беш аз 10 созмони динӣ  баста шудаанд. Аз ҷумла колисои протестантии Шоҳидони Иегова, ягона ибодатгоҳи яҳудиён дар кишвар ва як қатор муассисаҳои динии дигар.

Дар Тоҷикистон, ки 98% аҳолии он пайрави дини исломанд панҷ ибодатгоҳи бузурги православӣ, ду колисо ва якчанд ибодатгоҳи протестантӣ фаъолият доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.