Сохтмони терминали нави фурӯдгоҳи Душанбе ба таъхир гузошта шуд

Душанбе. 22 апрел. «Азия-Плюс» – | Ширкатҳои сохтмонии «Alpha airport» ва «SOFEMA Group» и Фаронса  ва ҶСШК «Фурӯдгоҳи байналхалқии Душанбе» ҳанӯз дар хусуси маблағгузории изофӣ, ба миқдори 9,5 млн. Евро, барои сохтмони терминали нави фурӯдгоҳи пойтахт созиш накардаанд. Тавре директори генералии фурӯдгоҳ Рустам Халиқов зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, маҳз бо ҳамин далел сохтмони терминали […]

Расул Шодон

Душанбе. 22 апрел. «Азия-Плюс» – | Ширкатҳои сохтмонии «Alpha airport» ва «SOFEMA Group» и Фаронса  ва ҶСШК «Фурӯдгоҳи байналхалқии Душанбе» ҳанӯз дар хусуси маблағгузории изофӣ, ба миқдори 9,5 млн. Евро, барои сохтмони терминали нави фурӯдгоҳи пойтахт созиш накардаанд.

Тавре директори генералии фурӯдгоҳ Рустам Халиқов зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, маҳз бо ҳамин далел сохтмони терминали нав ба таъхир гузошта шудааст. Қаблан раҳбарияти фурӯдгоҳ гуфта буд, ки терминали нав моҳи сентябри соли равон ба истифода дода хоҳад шуд.

Бар тибқи маълумоти Халиқов , авохири моҳи ҷорӣ вазири молияи Фаронса ба Тоҷикистон ташриф намуда бо раҳбарияти вазорати молияи кишвар атрофи масъалаи мазкур мулоқот мекунанд.

Маблағи умумии  лоиҳаи сохтмони терминали нав, мувофиқи ҳуҷҷати қаблан ба тасвиб расида, 27 млн. евроро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 20 млн маблағи қарзӣ буда 7 млн. еврои боқимонда аз ҷониби ҶСШК «Фурӯдгоҳи байналхалқии Душанбе» маблағгузорӣ мешавад.

«Имрӯз чониби Фаронса, бо назардошти гароншавии арзиши  маҳсулот барои терминал,аз Тоҷикистон талаб дорад то 9,5 млн.евро изофӣ чудо кунад. Дар қарордод дар мавриди ин масъала чизе гуфта нашудааст.  Мувофиқ и қарордод маблағгузории изофиро ҷониби Фаронса бояд бар дӯши худ бигирид. Тоҷикистон тамоми вазифаи худро иҷро кардааст»,- гуфт Рустам Халиқов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.