Маъракаи даъват ба сафи артиш дар Тоҷикистон 53% иҷро шудааст

Душанбе. 22 апрел. «Азия-Плюс» – | Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сартосари кишвар,  53 % иҷро шудааст. Тавре котиби маркази матбуотии Вазорати дифои ҷумҳурӣ Фариддун Маҳмадалиев ба «АП» хабар дод, нақшаи даъват ба хизмат дар сафи артиш дар вилояти Бадахшон 82,8%, вилояти Суғд 40 % , дар Хатлон […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 22 апрел. «Азия-Плюс» – | Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сартосари кишвар,  53 % иҷро шудааст. Тавре котиби маркази матбуотии Вазорати дифои ҷумҳурӣ Фариддун Маҳмадалиев ба «АП» хабар дод, нақшаи даъват ба хизмат дар сафи артиш дар вилояти Бадахшон 82,8%, вилояти Суғд 40 % , дар Хатлон 59,7% ва дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳур 51,7% , дар шаҳри Душанбе 43% иҷро шудааст.

«Нақшаи даъват дар ноҳияи Мурғоб, Ванҷ, Темурмалик, Носири Хусрав ва шаҳрҳои Нораку Сарбанд ба пуррагӣ иҷро шудаанд», изҳор дошт Маҳмадалиев.

Мувофиқи фармони президенти ҶТ аз 16 марти соли 2011, маъракаи даъвати баҳорӣ дар кишвар аз  таърихи 1 апрел шурӯъ шуда то 31 март идома хоҳад ёфт.

Тибқи маълумоти вазорати дифо, сафи қувваҳои мусаллаҳ ҳамасола дар Тоҷикистон наздик ба 15-16 ҳазор нафар зиёд мешавад.

Дар умум дар кишвар беш аз 600 ҳазор ҷавонмарди сини даъватӣ, ки мувофиқи қонунгузории кишвар аз 18 то 27 сола мақаррар шудааст, ба қайд гирифтаанд.  Аммо наздики 150 ҳазор ҷавон  ҳуқуқ ба таъхири мӯҳлати даъват ва ё аз хизмат озод шуданро дошта,  100 ҳазори дигар дар муҳоҷирати корӣ  берун аз кишвар қарор доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.