Сохтмони терминали нави фурӯдгоҳи Душанбе ба таъхир гузошта шуд

Date:

Душанбе. 22 апрел. «Азия-Плюс» – | Ширкатҳои сохтмонии «Alpha airport» ва «SOFEMA Group» и Фаронса  ва ҶСШК «Фурӯдгоҳи байналхалқии Душанбе» ҳанӯз дар хусуси маблағгузории изофӣ, ба миқдори 9,5 млн. Евро, барои сохтмони терминали нави фурӯдгоҳи пойтахт созиш накардаанд.

Тавре директори генералии фурӯдгоҳ Рустам Халиқов зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, маҳз бо ҳамин далел сохтмони терминали нав ба таъхир гузошта шудааст. Қаблан раҳбарияти фурӯдгоҳ гуфта буд, ки терминали нав моҳи сентябри соли равон ба истифода дода хоҳад шуд.

Бар тибқи маълумоти Халиқов , авохири моҳи ҷорӣ вазири молияи Фаронса ба Тоҷикистон ташриф намуда бо раҳбарияти вазорати молияи кишвар атрофи масъалаи мазкур мулоқот мекунанд.

Маблағи умумии  лоиҳаи сохтмони терминали нав, мувофиқи ҳуҷҷати қаблан ба тасвиб расида, 27 млн. евроро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 20 млн маблағи қарзӣ буда 7 млн. еврои боқимонда аз ҷониби ҶСШК «Фурӯдгоҳи байналхалқии Душанбе» маблағгузорӣ мешавад.

«Имрӯз чониби Фаронса, бо назардошти гароншавии арзиши  маҳсулот барои терминал,аз Тоҷикистон талаб дорад то 9,5 млн.евро изофӣ чудо кунад. Дар қарордод дар мавриди ин масъала чизе гуфта нашудааст.  Мувофиқ и қарордод маблағгузории изофиро ҷониби Фаронса бояд бар дӯши худ бигирид. Тоҷикистон тамоми вазифаи худро иҷро кардааст»,- гуфт Рустам Халиқов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...