Раиси Суғд: Ягон муроҷиати шаҳрвандон беҷавоб намемонад

Date:

Канибадам. 27 апрел. «Азия-Плюс» – | Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода  рӯзи чоршанбе бо сокинони шаҳри Конибодом вохӯрӣ анҷом дод.

Тавре ба «АП» аз  маъмурияти шаҳр хабар доданд, вохӯрӣ дар майдони киштзори ҷамъияти саҳомии Энаҷон Бойматов, бо иштироки наздики 5 ҳазор сокини шаҳр баргузор гашт. Сӯҳбати раиси вилоят бо шаҳрвандон дар чунин фазои ғайриоддӣ хеле ошкоро ва самимӣ гузашт, афзуд  манбаъ.

Қоҳир Расулзода зимни  баромади худ таъкид кард, ки аз 201 муроҷиатномаи сокинони Конибодом беш аз 80 % ҳали худро ёфтанд. Қисмати дигари он, ки маблағгузориро тақозо дорад то соли 2013 ҳал хоҳанд шуд.

Раиси вилоят  ба ҳали мусбии мушкилоти сокинони минтақа, истифодаи дурусти заминҳои хочагидорӣ ишора карда, ба мақомоти дахлдор супориш дод то мушкили мардумро алалхусус дар масоили тақсимоти қитъаи замин барои сохтмони манзили зист ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ҳал карда шаванд.  Ҳамзамон камбудиҳо дар фаъолияти корхонаҳои хусусигардондашудаи саноатӣ , коркарди маводи хом ва дигар масоил қайд карда шуд.

Дар рафти сӯҳбат сокинони шаҳр  имкон пайдо карданд, то ба раиси вилоят бевосита саволи худро ироа кунанд. Дар ҷавоб Расулзода, роҳбарони мақомоти дахлдорро мувазаф кард то ба мушкили шаҳрвандон расидагӣ кунанд. Чунин мулоқоти раиси вилоят дар тамоми манотиқи Суғд гузаронда мешавад, хабар дод манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...