Вакил аз ҲХДТ мушкили маҳали «1май» ро қисман ҳал кард

Душанбе. 27 апрел. «Азия-Плюс» – | Вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, намояндаи ҳизби ҳоким-Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзод рӯзи сешанбе аз рустои «1 май» ҷамоати Қуштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуд. Вакил зимни вохӯрӣ бо сокинони ин русто роҳҳои ҳали мушкили тахриби манзилҳояшонро муҳокима кард. Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин раиси ноҳияи Рӯдакӣ Саидмурод Тағоев ширкат […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 27 апрел. «Азия-Плюс» – | Вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, намояндаи ҳизби ҳоким-Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзод рӯзи сешанбе аз рустои «1 май» ҷамоати Қуштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуд. Вакил зимни вохӯрӣ бо сокинони ин русто роҳҳои ҳали мушкили тахриби манзилҳояшонро муҳокима кард. Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин раиси ноҳияи Рӯдакӣ Саидмурод Тағоев ширкат варзид.

Тавре вакил ба «АП» хабар дод, тибқи мувофиқа бо роҳбарияти ноҳия, хонаҳое, ки дар он айни ҳол зиндагӣ доранд тахриб карда намешаванд. Илова бар ин феълан масъалаи тақсими замин барои  сохтмони манзили хонаводаҳое, ки қаблан хонаҳояшон хароб карда шуданд, баррасӣ мешавад.

Намояндаи ҲХДТ аз аҳолии кишвар даъват намуд, то ҳангоми  гирифтани порчаи замин  ва иҷозатнома барои сохтмони манзил ҳушёр бошанд ва фирефтаи  фанди фиребгарон ва мансабдорони ноинсоф нашаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.