Раиси Суғд: Ягон муроҷиати шаҳрвандон беҷавоб намемонад

Канибадам. 27 апрел. «Азия-Плюс» – | Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода  рӯзи чоршанбе бо сокинони шаҳри Конибодом вохӯрӣ анҷом дод. Тавре ба «АП» аз  маъмурияти шаҳр хабар доданд, вохӯрӣ дар майдони киштзори ҷамъияти саҳомии Энаҷон Бойматов, бо иштироки наздики 5 ҳазор сокини шаҳр баргузор гашт. Сӯҳбати раиси вилоят бо шаҳрвандон дар чунин фазои ғайриоддӣ хеле […]

Акмал Алиев

Канибадам. 27 апрел. «Азия-Плюс» – | Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода  рӯзи чоршанбе бо сокинони шаҳри Конибодом вохӯрӣ анҷом дод.

Тавре ба «АП» аз  маъмурияти шаҳр хабар доданд, вохӯрӣ дар майдони киштзори ҷамъияти саҳомии Энаҷон Бойматов, бо иштироки наздики 5 ҳазор сокини шаҳр баргузор гашт. Сӯҳбати раиси вилоят бо шаҳрвандон дар чунин фазои ғайриоддӣ хеле ошкоро ва самимӣ гузашт, афзуд  манбаъ.

Қоҳир Расулзода зимни  баромади худ таъкид кард, ки аз 201 муроҷиатномаи сокинони Конибодом беш аз 80 % ҳали худро ёфтанд. Қисмати дигари он, ки маблағгузориро тақозо дорад то соли 2013 ҳал хоҳанд шуд.

Раиси вилоят  ба ҳали мусбии мушкилоти сокинони минтақа, истифодаи дурусти заминҳои хочагидорӣ ишора карда, ба мақомоти дахлдор супориш дод то мушкили мардумро алалхусус дар масоили тақсимоти қитъаи замин барои сохтмони манзили зист ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ҳал карда шаванд.  Ҳамзамон камбудиҳо дар фаъолияти корхонаҳои хусусигардондашудаи саноатӣ , коркарди маводи хом ва дигар масоил қайд карда шуд.

Дар рафти сӯҳбат сокинони шаҳр  имкон пайдо карданд, то ба раиси вилоят бевосита саволи худро ироа кунанд. Дар ҷавоб Расулзода, роҳбарони мақомоти дахлдорро мувазаф кард то ба мушкили шаҳрвандон расидагӣ кунанд. Чунин мулоқоти раиси вилоят дар тамоми манотиқи Суғд гузаронда мешавад, хабар дод манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.