Корманди Вазорати маориф беш аз 1 ҳазор номаи камоли тақаллубӣ додааст

Душанбе. 27 апрел. «Азия-Плюс» – | Корманди Вазорати маорифи Тоҷикистон дар сохтани номаҳои камоли қалбакӣ гумонбар мешавад. Тавре ба «АП» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттило доданд, Ҷамолиддин Шарипови 30 сола ба ҳангоми адои вазифа дар вазорати маориф ба ҳайси мутахассиси пешбари шӯъбаи кадрҳо бо директори яке аз макотиби пойтахт ва муовни ӯ мувофиқа кардааст. «Аз […]

Наргис Ҳамрабаева

Душанбе. 27 апрел. «Азия-Плюс» – | Корманди Вазорати маорифи Тоҷикистон дар сохтани номаҳои камоли қалбакӣ гумонбар мешавад.

Тавре ба «АП» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттило доданд, Ҷамолиддин Шарипови 30 сола ба ҳангоми адои вазифа дар вазорати маориф ба ҳайси мутахассиси пешбари шӯъбаи кадрҳо бо директори яке аз макотиби пойтахт ва муовни ӯ мувофиқа кардааст.

«Аз моҳи январи соли 2009 то августи соли 2010 Шарипов 1 ҳазору 165 номаи камоли тақаллубӣ, бар ивази 5 ҳазор сомонӣ сохтааст», – хабар медиҳад манбаъ.

Дар робита ба ин амал парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.

Тибқи маълумоти Оҷонсии мубориза бо фасод ва назорати моликияти давлатии Тоҷикистон, бахши маориф яке аз самтҳои фасодзадаи кишвар маҳсуб мегардад. Аксаран масъулони соҳаи маориф бо ҷурми ришваситонӣ, суйистифода аз мансаб, сохтани ҳуччатҳои тақаллубӣ боздошт карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.