Бо супориши раиси шаҳр дар Душанбе ҳар рӯз барномаҳои консертӣ баргузор мешаванд

Душанбе. 27 апрел. «Азия-Плюс» – | Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, бахшида ба ҷашни 20- умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва иҷрои супоришоти раиси ҷумҳур Эмомали Раҳмон , баҳри беҳбуд бахшидани фазои фарҳангӣ дар пойтахт ва таъмини фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳр, дар Душанбе ҳамарӯза барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд. Қарор рӯзи чоршанбе зимни […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 27 апрел. «Азия-Плюс» – | Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, бахшида ба ҷашни 20- умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва иҷрои супоришоти раиси ҷумҳур Эмомали Раҳмон , баҳри беҳбуд бахшидани фазои фарҳангӣ дар пойтахт ва таъмини фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳр, дар Душанбе ҳамарӯза барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд.

Қарор рӯзи чоршанбе зимни ҷаласаи корӣ қабул карда шуд. Мувофиқи он шурӯъ аз охири ҳафтаи ҷорӣ то 9 сентябр, дар тамоми навоҳеи пойтахт, ҳамарӯза пас аз соати 18 бегоҳ барномаҳои консертӣ ва шоми эъҷодӣ гузаронда мешаванд.

Тавре сухангуи раиси шаҳр, Шавкат Саидов ба «АП» хабар дод, чорабиниҳои мазкур аз ҷониби ҳукумати шаҳр бо ҳамдасти бо Кумитаи радио ва телевизиони назди ҳукумати кишвар ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин зимни ҷаласа макони баргузории чорабиниҳо дар боғи «Дӯстии халқҳо», боғи ба номи А. Мираненко, дар майдони 800 солагии Москав ва боғи Айнӣ муқаррар гардид.

Ба гуфтаи Шавкат Саидов, бо мақсади беҳбуд бахшидани симои шаҳр шурӯъ аз 29 апрел то 9 сентябр ҳар рӯзи шанбе бо иштироки сокинон аз ҷумла кормандони корхонаву муассисаҳои давлатӣ шанбегӣ гузаронда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.