М. Мухторов: Санҷиши ҳолати санитарии масҷидҳо бояд гузаронда шавад

Душанбе. 27 апрел. «Азия-Плюс» – | Хадамоти Чумхуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии ЧТ дар қатори дигар нуқоти ҷамъиятӣ дар масҷидҳо низ санҷишҳои санитарӣ-эпидемиологӣ мегузаронад. Дар ин бора муовини сардори хадамот Холмаҳмад Назаров ба «АП» хабар дод. Ба гуфтаи ӯ санҷишҳо кори маъмулии хадамот буда дар тамоми масоҷиди кишвар гузаронда мешаванд. Тавре муовини сардори […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 27 апрел. «Азия-Плюс» – | Хадамоти Чумхуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии ЧТ дар қатори дигар нуқоти ҷамъиятӣ дар масҷидҳо низ санҷишҳои санитарӣ-эпидемиологӣ мегузаронад. Дар ин бора муовини сардори хадамот Холмаҳмад Назаров ба «АП» хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ санҷишҳо кори маъмулии хадамот буда дар тамоми масоҷиди кишвар гузаронда мешаванд.

Тавре муовини сардори хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ Х. Назаров гуфт, «чунин санҷишҳо қаблан низ гузаронда мешуданд ва мақсад аз он таъмини бехатарии санитрӣ-эпидемиологии шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад. Санҷишҳо ба фаъолияти масоҷид монеъа эҷод намекунанд».

Санҷишҳои санитарӣ-эпидемиолгӣ дар масҷидҳои шаҳри Кулоб низ ба ҳамин мақсад гузаронда мешаванд, афзуд манбаъ.

Муовини раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон Мавлон Мухторов дар сӯҳбат бо «АП» изҳор дошт, ки гузарондани чунин санҷишҳо вазифаи шӯъбаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ мебошад ва ба маҳдудияти фаъолияти масҷидҳо рабте надорад. «Тибқи шариати ислом дар ҷойҳои намозгузорӣ, аз ҷумла масҷидҳо бояд тозагӣ риоя карда шавад», – афзуд Мухторов. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто ҳангоми сабти ном кардани масҷид Кумитаи дин шароити санитарии онро ба инобат мегирад, ки то кадом андоза он ба талабот ҷавобгӯ мебошад.

Дар робита ба санҷишҳо дар шаҳри Кулоб М. Мухторов кайд кард, ки санҷиш дар салоҳияти хадамоти санитарӣ буда, кумита ба он дахолат надорад.

Бо вуҷуди ин, ба андешаи бархе аз коршиносон, ки дар ВАО изҳори ақида карданд, ин санҷишҳо метавонанд монеъи фаъолияти масоҷид гарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.