Раиси шаҳр ба вакилони шахрӣ супориш дод то фаъолияти худро пурсамартар ба рох монанд

Душанбе. 26 апрел. «Азия-Плюс» – | Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев рӯзи сешанбе ҷаласаи корӣ бо иштироки масъулони маъмурияти шаҳр баргузор намуд. Ба иттилои котиби матбуотии шаҳрдории Душанбе Шавкат Саидов, зимни ҷаласа масъалаҳои танзими хизматрасонии комуналӣ, фаъолияти нақлиёти мусофирбари пойтахт, таъмини бозорҳои шаҳр бо маҳсулот ва нигоҳ доштани нарху навои он, таъмини мактаб – интернатҳо, […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 26 апрел. «Азия-Плюс» – | Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев рӯзи сешанбе ҷаласаи корӣ бо иштироки масъулони маъмурияти шаҳр баргузор намуд.

Ба иттилои котиби матбуотии шаҳрдории Душанбе Шавкат Саидов, зимни ҷаласа масъалаҳои танзими хизматрасонии комуналӣ, фаъолияти нақлиёти мусофирбари пойтахт, таъмини бозорҳои шаҳр бо маҳсулот ва нигоҳ доштани нарху навои он, таъмини мактаб – интернатҳо, боғчаи кӯдакон бо маводи ғизоӣ, беҳбуд бахшидани вазъи санитарӣ дар пойтахт ва омодагӣ ба таҷлили 20 -умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вобаста ба тамоми масоили баррасишаванда раисони  комиссияи депутатии шаҳр бармомад карданд, хабар медиҳад Шавкат Саидов.

«Раиси шаҳр ба комиссия депутатии дахлдор супориш дод то фаъолияташонро хубтар ба роҳ монанд ва аз раисони ноҳияҳои шаҳр таклиф ба амал овард,  то аз фаъолияташон ҳар ҳафта гузориш диҳанд»,-  афзуд манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.