Ф. Саидов: Баъзе аз кормандони милиса инсофро аз даст додаанд

Душанбе. 26 апрел. «Азия-Плюс» – | Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки вазифаи мубориза бо фасодро бар дӯш доранд, аксаран худ ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ, рузи сешанбе ,26 апрел, директори Оҷонсии мубориза бо фасод ва назорати молиявии Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов. Ба гуфтаи ӯ, миёни мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ намояндагони ВКД […]

Наргис Ҳамрабаева

Душанбе. 26 апрел. «Азия-Плюс» – | Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки вазифаи мубориза бо фасодро бар дӯш доранд, аксаран худ ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ, рузи сешанбе ,26 апрел, директори Оҷонсии мубориза бо фасод ва назорати молиявии Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов.

Ба гуфтаи ӯ, миёни мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ намояндагони ВКД дар феҳрасти фасодзадатарин мақомот ҷойи хоса касб мекунанд. «Эҳтимолан ин аз сабаби зиёд будани кормандони ин вазорат, дар қиёс ба дигар мақомотҳо мебошад. Ва инчунин аз ин хотир, ки милиса ҳар рӯз, ҳар соат бо мардум сару кор дорад», мегӯяд Саидов. Гуфта мешавад, ки дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ 11 ҷинояти хислати корупсиони дошта аз ҷониби 9 корманди милиса, 7 ҷиноят аз сӯйи кормандони Кумитаи амнияти миллӣ, 6 ҷиноят аз тарафи 5 корманди Вазорати дифоъ ва ба ҳамин шумор аз сӯйи ду корманди прокуратура содир карда шуданд.

Раиси Оҷонсии мубориза бо фасод қонунвайронкунии ахиран дар Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шоҳмансур ошкор шударо мисол оварда гуфт, «Чанде пеш шӯъбаи мазкур як шаҳрванд, писари шахси шинохтаро бо ҷурми гумонбар шудан дар мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддар боздошт кард. Барои аз ҷавобгарӣ озод кардани ӯ чавони дигари бист соларо ёфта барои ба дӯши худ гирифтани ҷавобгарӣ ба волидайнаш 20 ҳазор доллар пешниҳод карданд. Онҳо ҳамчунин ваъда карданд, ки муддати 3-4 соли оянда писарашонро аз маҳбас мебароранд». Бар тибқи маълумоти Саидов феълан як гурӯҳ кормандони Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шоҳмансур, аз ҷумла сардори шӯъбаи тафтишотӣ, муовини ӯ, муфаттише, ки бевосита ин корро пеш мебурд, дастгир шудаанд. «Мо боз ду тани дагарро, ки дар ин ҷиноят ҳамроҳ ҳастанд ошкор кардем», – гуфт Саидов ва афзуд, ки «баъзе аз кормандони милиса инсофро аз даст додаанд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.