Аз фоҷиаи Чернобил 25 сол сипарӣ шуд

Душанбе. 26 апрел. «Азия-Плюс» – | Имруз аз фоҷиаи Чернобил – бузургтарин садамаи асри XX, 25 сол сипарӣ гашт. Ин руз дар кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил рӯзи ёдбуди қурбониёни садамаи радиоактивӣ эълон шудааст. Дар муроҷиатномаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ, ки бахшида ба 25умин солгарди садама дар Чернобил қабул карда шуд, омадааст, ки мушкилоти […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 26 апрел. «Азия-Плюс» – | Имруз аз фоҷиаи Чернобил – бузургтарин садамаи асри XX, 25 сол сипарӣ гашт. Ин руз дар кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил рӯзи ёдбуди қурбониёни садамаи радиоактивӣ эълон шудааст.

Дар муроҷиатномаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ, ки бахшида ба 25умин солгарди садама дар Чернобил қабул карда шуд, омадааст, ки мушкилоти марбут ба натоиҷи фоҷиаи Чернобил барои насли оянда ҳам таъсир хоҳад гузошт. Чунин садама қаламрави осебдидаро барои даҳсолаҳо ба макони бӯҳронӣ табдил медиҳад.

«Мо мардонагӣ ва фидокории садҳо ҳазор иштирокдорони амалиёти бартаф кардани натоиҷи садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобилро, аз тамоми давлатҳои собиқ Шӯравӣ, дар ёд дорем. Онҳо саломатӣ ва ҷони худро дар хатар гузошта вазифаи хешро анҷои доданд,- омадааст дар ҳуччат. – Новобаста ба чораҳои андешидашуда, натиҷаи ин садама то ҳанӯз ба ҳаёти сокинони давлатҳои осебдида таъсири манфии худро мегузорад. Зери назорати махсуси духтурон бояд миллионҳо нафар қарор дошта бошанд. Минтақаҳои алоҳида ҳанӯз ҳам ба чораҳои муҳофизатӣ ниёз доранд, ки бидуни он таъмини бехатарии ҳаёти мардуми он ғайри имкон аст».

25 сол пеш дар таърихи 26 апрели соли 1986 фоҷиаи ҳастаӣ дар нерӯгоҳи атомии Чернобил дар Украина дунёро такон дод. Дар ҳамин ҳол тибқи маълумоти ҷамъияти «Союз-Чернобил» аз Точикистон барои бартараф кардани натоиҷи садама дар нерӯгоҳи барқи атомӣ 2150 нафар ширкат варзиданд. То имруз 170 шаҳрванди Тоҷикистон аз зарари радиактивии Чернобил фавтида, 800 нафар маъюби гурухи якум ва дуввум хастанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.