Раиси ҲНИТ аз рустои «1 май» дидан намуд

Душанбе. 25 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар рафти вохӯрии вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, раиси Ҳизби Нахзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо сокинони рустои «1 май»- и ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, роҳи ҳалли мушкили тахриби манзилҳои зисти мардуми маҳаллӣ баррасӣ шуд. Тавре Муҳиддин Кабирӣ ба «АП» хабар дод, мувофиқи ҳуҷҷатҳое, ки сокинони рустои «1май» дар […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 25 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар рафти вохӯрии вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, раиси Ҳизби Нахзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо сокинони рустои «1 май»- и ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, роҳи ҳалли мушкили тахриби манзилҳои зисти мардуми маҳаллӣ баррасӣ шуд.

Тавре Муҳиддин Кабирӣ ба «АП» хабар дод, мувофиқи ҳуҷҷатҳое, ки сокинони рустои «1май» дар даст доранд, замин  дар асоси қарори марбутаи ҳукумати маҳаллӣ тақсим карда шудаст.

«Ман,  ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷамъбасти вохӯрии имруза, ки бо иштироки намояндагони  мақомоти маҳалии ҳукумати давлатӣ баргузор гашт, тасмим дорам бо дархост ба унвони раҳбарияти палатаи поёнии парлумони кишвар барои таъсис додани  комисияи махсус оид ба омӯзиши масъалаи қонунии тахриби манзилҳои сокинони рустои «1май» муроҷиат намоям. Ман исрор мекунам, то ба ҳайати комисия намояндагони ҳукумат, прокуратура, вакилон, намояндагони ВАО ва инчунин худи сокинони русто шомил бошанд», – изҳор дошт раиси ҲНИТ.

Кабирӣ мӯътақид аст, ки чунин амали намояндагони ҳукумат дар қаламрави рустои «1 май» боиси аз байн рафтани эътиқоди мардум ба ҳукумати кишвар мегардад.

«Ба андешаи ман,агар дар тақсимоти замин дар  рустои номбаршуда хатоие бошад, он аз ҷониби намояндагони ҳукумати маҳалӣ роҳ дода шудаст ва имруз ҳукумат бояд ба он иқрор шавад. Нафаронеро, ки боиси сар задани чунин мушкили шуданд ҷазо дода зарари расонда ба сокинони рустои «1май» ҷуброн карда шавад»,- афзуд Муҳиддин Кабирӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.