Истеъфои сармураббии дастаи футболи «Вахш»

Date:

Қӯрғонтеппа. 12-уми май. Азия-Плюс — Сармураббии дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа Асдиддин Ҳабибуллоев бо хоҳиши худ ба истеъфо рафт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» президенти даста Исроил Шарифов хабар дод, сармураббии даста истеъфои худро ба натоиҷи ғайриқаноатбахши даста, ки дар шаш вохӯрии баргузоршуда дар панҷтоаш мағлуб гардида, танҳо як ғалабаи техникӣ дорад, нисбат додааст.

Ба қавли мавсуф, айни замон вазифаи сармурабӣ ба дӯши собиқ срмураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Салоҳиддин Ғафуров вогузор гардидааст. «Саҳми Аслиддин Ҳабибуллоев дар пирӯзии дастаи «Вахш» дар чемпионати соли 2009 ва медали биринҷӣ дар соли 2010 беандоза бузург аст», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, соли равон ба иллати камбуди маблағ 12 нафар бозингарони ҳайати асосӣ дастаро тарк кардаанд ва маҳз ҳамин омил боиси он гардидааст, ки натоиҷи бозиҳо ғайриқаноатбахш аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...