Шодӣ Шабдолов: Нархи бензини Душанбе аз Ню-Йорк қиматтар аст

Душанбе. 12-уми май. Азия-Плюс — Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистонро мебояд нисбати гурӯҳи монополистони бозори воридоти маводи маҳсулоти нафтӣ чораҳои қатъӣ биандешад. Ба эътиқоди мавсуф, мизони суръати болоравии нархи маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон кайҳо тамоилҳои ҷаҳониро гузаштаанд ва болоравии нархи маводи сӯзишвории нафтӣ дар […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 12-уми май. Азия-Плюс — Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистонро мебояд нисбати гурӯҳи монополистони бозори воридоти маводи маҳсулоти нафтӣ чораҳои қатъӣ биандешад.

Ба эътиқоди мавсуф, мизони суръати болоравии нархи маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон кайҳо тамоилҳои ҷаҳониро гузаштаанд ва болоравии нархи маводи сӯзишвории нафтӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ маънои онро надорад, ки нархи бензин дар шаҳри Душанбе ба нархи он дар Ню-Йорк баробар бошад.

Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов таъкид кард, ки рӯйдодҳои ахири фоҷеабори минтақаи Шарқи Наздик ва рушди босуръати иктисоди кишварҳое чун Чину Ҳиндустон  омили аслии болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ мебошанд. «Захираҳои ҷаҳонии нафту ангишт тайи 50-100 соли минбаъда ба охир  мерасанд ва хатари истифодаи энергияи атомӣ ҳамарӯза возеҳтар аён мегардад, – гуфт ӯ. -Дар чунин шароит талабот ба истифодаи навъҳои энергияи барқароршаванда афзоиш меёбад, ки Тоҷикистон бо захоири обиву энергетикии худ аз он бой аст ва агар мо имрӯз аз ин имконияти худ истифода набарем, минбаъд таърих моро нахоҳад бахшид».

Дар идома раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон иброз дошт, ки дар баробари рушди гидроэнергетика набояд масоили азхудкунии биоэнергетика, пеш аз ҳама энергияи бодӣ ва офтобиро фаромӯш сохт, зеро гидроэнергетика аз шароитҳои обуҳаво вобастагии зиёд дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.