Нархи бензини ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» боло рафт

Date:

Душанбе, 12-уми май. «Азия-Плюс» —Тибқи нақшаи пешбинишуда, арзиши маводи сӯзишвории ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» боло рафт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур иттилоъ доданд, арзиши бензини навъи АИ-92 аз 4,80 то ба 5,25 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ аз 5,60 то ба 5,85 сомонӣ барои 1 литр боло рафтааст. «Нархи бензини навъи АИ-95 аз 5,30 то ба 5,50 сомонӣ, АИ-98 аз 5,60 то ба 5,65 ва АИ-80 аз 4,70 то ба 4,95 сомонӣ афзоиш ёфт», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, ширкат Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистонро бобати болоравии нархи маводи сӯзишворӣ огоҳ сохта, сабаби онро ба афзоиши боҷи содиротӣ ба маводи сӯзишворӣ аз Русия шурӯъ аз 1-уми майи соли ҷорӣ марбут донистааст. «То санаи 10-уми май мо арзиши маводи сӯзишвориро дар ҳолати пештара нигоҳ доштем, вале бо ворид шудани як миқдор сӯзишвории тоза мо аллакай ба ин қодир нестем, зеро маводи сӯзишвории тозаворид ба Тоҷикистон бо назардошти боҷҳои нави содиротӣ амалӣ карда мешавад», – гуфтанд дар ширкат.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти зиддинҳисории чумҳурӣ имкони мавчудияти қаллобӣ ва беасос болоравии нархи маводи сӯзишвориро аз эҳтимол дур намедонад. «Аксари фурӯшандагон ба таври яклухт маводи сӯзишвориро аз таъминкунандагон харида, онро ғайриқонунӣ бо нархи баланд ба фурӯш мегузоранд», – иброз дошт як манбаъ аз хадамоти мазкур.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...