Нархи бензини ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» боло рафт

Душанбе, 12-уми май. «Азия-Плюс» —Тибқи нақшаи пешбинишуда, арзиши маводи сӯзишвории ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» боло рафт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур иттилоъ доданд, арзиши бензини навъи АИ-92 аз 4,80 то ба 5,25 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ аз 5,60 то ба 5,85 сомонӣ барои 1 литр боло рафтааст. «Нархи бензини навъи АИ-95 аз 5,30 то ба […]

Заррина Эргашева

Душанбе, 12-уми май. «Азия-Плюс» —Тибқи нақшаи пешбинишуда, арзиши маводи сӯзишвории ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» боло рафт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур иттилоъ доданд, арзиши бензини навъи АИ-92 аз 4,80 то ба 5,25 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ аз 5,60 то ба 5,85 сомонӣ барои 1 литр боло рафтааст. «Нархи бензини навъи АИ-95 аз 5,30 то ба 5,50 сомонӣ, АИ-98 аз 5,60 то ба 5,65 ва АИ-80 аз 4,70 то ба 4,95 сомонӣ афзоиш ёфт», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, ширкат Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистонро бобати болоравии нархи маводи сӯзишворӣ огоҳ сохта, сабаби онро ба афзоиши боҷи содиротӣ ба маводи сӯзишворӣ аз Русия шурӯъ аз 1-уми майи соли ҷорӣ марбут донистааст. «То санаи 10-уми май мо арзиши маводи сӯзишвориро дар ҳолати пештара нигоҳ доштем, вале бо ворид шудани як миқдор сӯзишвории тоза мо аллакай ба ин қодир нестем, зеро маводи сӯзишвории тозаворид ба Тоҷикистон бо назардошти боҷҳои нави содиротӣ амалӣ карда мешавад», – гуфтанд дар ширкат.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти зиддинҳисории чумҳурӣ имкони мавчудияти қаллобӣ ва беасос болоравии нархи маводи сӯзишвориро аз эҳтимол дур намедонад. «Аксари фурӯшандагон ба таври яклухт маводи сӯзишвориро аз таъминкунандагон харида, онро ғайриқонунӣ бо нархи баланд ба фурӯш мегузоранд», – иброз дошт як манбаъ аз хадамоти мазкур.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.