Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ

Душанбе. 12-уми май. Азия-Плюс — Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҷаласа таҳти раёсати прокурори генералии кишвар Шерхон Салимзода доир гардида, дар он роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 12-уми май. Азия-Плюс — Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҷаласа таҳти раёсати прокурори генералии кишвар Шерхон Салимзода доир гардида, дар он роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук ва намояндагони Кумитаи андоз ва Суди Олии ҷумҳурӣ иштирок карданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ» дар соли 2010 ва 4 моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр гардид, ки комёбии аслии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини сулҳу осоиш дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва боздошти гурӯҳҳои ҷиноятпеша ифода меёбад.

Ҳамзамон қайд гардид, ки фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷуйии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирӣ ва ошкор сохтани ҷиноёти марбут ба терроризм, куштори барқасдона, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истифодаи ғайриқонунии замин чандон қаноатбахш нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.