Шабнами Сурайёро гулборон карданд

Ҳарчанд дар рӯзи боронии 9 май дар шаҳри Душанбе муҳити идона чандон эҳсос намешуд, бархе аз коргузорони барномаҳои ҳунарии овозхонон талош карданд шоми сокинони пойтахатро бо доир намудани консерти идона рангинтар созанд. Бо ибтикори яке аз ширкатҳои ватанӣ дар рӯзи Ғалаба, дар бинои Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки ситораҳои тоҷик Шабнами Сураё, Баҳроми Ғафурӣ ва […]

Asia-Plus

Ҳарчанд дар рӯзи боронии 9 май дар шаҳри Душанбе муҳити идона чандон эҳсос намешуд, бархе аз коргузорони барномаҳои ҳунарии овозхонон талош карданд шоми сокинони пойтахатро бо доир намудани консерти идона рангинтар созанд.

Бо ибтикори яке аз ширкатҳои ватанӣ дар рӯзи Ғалаба, дар бинои Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки ситораҳои тоҷик Шабнами Сураё, Баҳроми Ғафурӣ ва ҳунармандони дигар Нигина Амонқулова,Меҳрнигори Рустам ва Матлюба Раҳимова консерти ҷашнӣ баргузор шуд.

Самад Саъдуллоев,масъули ин шоу- барнома мегӯяд,чун ин ҳунармандон миёни мардум аз маҳбубияти хоса бархӯрдоранд,бинобарин интихоби онҳо низ маҳз рӯи ҳамин сарояндаҳо афтод.

Бояд гуфт,ҳамаи чиптаҳо барои консерт дар як муддати кӯтоҳ фурӯхта шудаву толор лабрез аз тамошобинон буд.Ва баромади ҳар як ҳунарманд бо кафкӯбии бардавом аз сӯи мухлисон истиқбол мешуд.Ҳамаи овозхонон зимни баромад таронаҳои нави худро пешниҳод кардаанд.

Аз ҷумла Нигина Амонқулова овозхони тоҷик низ гуфт, оҳангҳое,ки ӯ иҷро кард,ҳанӯз ҷойи дигар садо надодаанд.

Баҳроми Ғафурӣ, яке аз дигар хонандаҳои шинохтаи тоҷик мегӯяд,ҳарчанд хеле мехост дар ин шом бахшида ба рӯзи Ғалаба оҳанге бисарояд,аммо мутаасиффона дар эҷодиёташ чунин тарона надорад.Вале ба ҳар сурат ӯ ваъда дод,ки соли оянда талош хоҳад кард дар ҳамин мавзӯъ суруд эҷод кунад.

Чуноне, ки мушоҳида шуд, дар ин шом бештар ҳаводорони Шабнами Сураё ҷамъ омада буданд ва аксари гулҳову гармтарин кафкӯбиҳо насиби ҳамин овозхон гардид.

Аз баргузории консерте,ки дар маҷмӯ ҳудуди 2 соат идома кард, ба ҷузъ аз чанд нафаре,ки аз кайфиати бади садо дар толор шикоят мекарданд,аксари

тамошобинон бо хотири болида аз толор берун шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.