Талаби собиқ прокурори генералӣ бобати эътирофи ғайриконститутсионӣ аз мансаб сабукдӯш шуданаш

Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс — Адвокати маъруфи тоҷик, собиқ иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералии Тоҷикистон Солиҷон Ҷӯраев ба Суди конститутсионии ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, талаб кардааст, ки Фармони Прокурори генералии Тоҷикистон аз 16-уми марти соли 1993 дар бораи аз мансаби иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералӣ ва хориҷ кардани ӯ аз мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриконститутсионӣ эътироф карда шавад. […]

Марат Мамадшоев

Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс — Адвокати маъруфи тоҷик, собиқ иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералии Тоҷикистон Солиҷон Ҷӯраев ба Суди конститутсионии ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, талаб кардааст, ки Фармони Прокурори генералии Тоҷикистон аз 16-уми марти соли 1993 дар бораи аз мансаби иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералӣ ва хориҷ кардани ӯ аз мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриконститутсионӣ эътироф карда шавад.

Дар Суди конститутсионӣ ва Дафтари дифоъ аз ҳукуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ, ки Ҷӯраев нусхаи муроҷиаташро ба он ирсол доштааст, ба ОИ «Аия-Плюс» қабули муроҷиатнома ва асноди ба он замимашударо тасдиқ карданд.

Котиби Суди конститутсионӣ Карим Каримов дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки айни замон муроҷиатномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дошта, баррасии он маъмулан дар муддати як моҳ сурат мегирад. «Суди конститутсионӣ – мақомоти мушовара буда, қарорҳои он ба таври муштарак қабул мешаванд ва айни ҳол судяҳо маводи парвандаи мазкурро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд», – афзуд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, Ҷӯраев аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ намуда, танҳо гуфт, ки муроҷиат ва маводҳоро ба Суди конститутсионии ҷумҳурӣ дар таърихи 27-уми апрели соли ҷорӣ супурдааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.